МУНОҶОТҲО АЗ ҚАЛАМИ ҲАЗРАТИ АЪЛО (#14619)

Ҳал мин муфарриҷин ғайруллоҳ? Қул: Субҳоналлоҳ! Ҳуваллоҳ! Куллун ибодун лаҳу ва куллун биамриҳи қоимун.

*(Оё ҳаст Наҷотдиҳандае дар душвориҳо, ба ҷуз Худо? Бигӯ: Ситоиш Худоро! Ӯст Худо! ҳама бандагони Ӯ ҳастанд ва ҳама мутеъи фармони Ӯ.)

-The Báb
-----------------------

МУНОҶОТҲО АЗ ҚАЛАМИ ҲАЗРАТИ АЪЛО (#14620)

Қул: Аллоҳу якфӣ кулла шайин ъан кулли шайин. Ва ло якфӣ ъаниллоҳи Раббика мин шайин. Ло фиссамовот ва ло фил арз ва ло мо байнаҳумо. Иннаҳу кона Алломан, Кофиян, Қадиран.

*(Бигӯ: Худо ҳама чизро аз ҳама чиз бениёз намудааст. Ва ҳеҷ чиз аз Худованд – Парвардигори ту бениёз нест, на дар осмонҳо, ва на дар замин. Ва Ӯст дар Зоти худ Доно ва Дастгир ва Тавоно.)

-The Báb
-----------------------

МУНОҶОТҲО АЗ ҚАЛАМИ ҲАЗРАТИ АЪЛО (#14621)

Аллоҳумма ё Суббуҳу ё Қуддус! Ё Ҳаннону ё Маннон! Фарриҷ лано бил фазли вал эҳсон, иннака Раҳмонун Маннон.

*(Эй Худои ман, Эй Сутудатарин, Эй Поктарин! Ба фазл ва эҳсон, моро наҷот бахш. Ба ростӣ, Туӣ Бахшанда ва Пурато. )

Суббуҳун, Қуддусун, Раббано ва Раббил малоикати вар-руҳ. 
*(Сутудатарин аст, Поктарин аст, Парвардигори мо ва Парвардигори малоика ва руҳ.
Субҳоннака Раббӣ ё Маҳбубӣ, сaббитнӣ ало Амрик; суммаҷъалнӣ минналазина мо нақазу Мисоқака ва мо итабаъу аснома зунуниҳим. Суммаҷъал лӣ мақъада сидқин ъин-дак ва ҳабнӣ мин ладунка раҳматан, алҳиқнӣ би ибодикаллазина ло хавфа алайҳим ва ло ҳум яҳзанун.
Ай Раббӣ, ло тадаънӣ бинафсӣ ва ло таҷъалнӣ маҳруман ан ирфони Мазҳари Нафсик ва ло тактубнӣ минналлазинаҳум ғафалу ан Лиқоик ваҷъалнӣ ё Илоҳӣ минналлазинаҳум ила Ҷамолика янзурун ва минҳу ясталлизун, биҳайсу лам юбаддилу онан минҳу бималакути милкис-самовоти вал-арз ва бикулли мо кона ва мо якун.
Ай Раббӣ фарҳимнӣ фи тилкал-айёмиллатӣ ахазатил ғафлату кулла суккони арзик. Суммарзуқнӣ, ё Илоҳӣ, хайра мо ъиндика ва иннака Антал Муқтадирул Азизул Каримул Ғафур. Ва ло таҷъалнӣ ё Илоҳӣ, миналлазинаҳум бил узуни саммо, ва бил ъайни ъамё ва бил лисони бакмо ва бил қалби ҳум ло яфқаҳун.
Ай Раббӣ, халлиснӣ мин норил ҷаҳли вал ҳаво, суммадхилнӣ фи ҷивори раҳматикал кубро, сумманзил алайя мо қаддартаҳу ли асфиёика ва иннака Антал Муқтадиру ало мо ташо ва иннака Антал Муҳайминул Қайюм.

*(Пок ва бартарӣ Ту, Эй Парвардигори ман, Эй Маҳбуби ман! Дар Амри Худ маро собит ва устувор намо ва маро аз ононе бинамо, ки Аҳду Паймони Туро нашикастанд, ва бутҳои гумони худро пайравӣ нанамуданд; сипас дар назди Худ барои ман нишастгоҳи сидқ ва ростӣ муқаддар намо, ва аз пешгоҳи Худ ба ман раҳмате ато фармо, то маро дар миёни он касоне аз бандагони Ту ҷой диҳӣ, ки хавфе ба онҳо нахоҳад расид, ва андӯҳгин нахоҳанд шуд.
Эй Парвардигори ман, маро ба худ вомагузор ва маро аз ирфони Мазҳари Ҳақиқати Худ маҳрум манамо, ва маро аз он касоне нагардон, ки аз Лиқои Ту ғофил гаштаанд. Эй Худои ман, маро аз ононе бинамо, ки ба Ҷамоли Ту назар менамоянд ва аз Он лаззат мебаранд, ба ҳадде, ки оне аз ӯро ба малакути мулки осмонҳо ва замин ва он чӣ буда ва хоҳад буд иваз намекунанд.
Эй Парвардигори ман, ба ҳоли ман раҳм фармо, дар он рӯзҳое, ки ғафлат тамоми сокинони заминро иҳота намудааст. Сипас, Эй Парвардигори ман, аз атоҳои беҳтарине ки дар назди Туст, барои ман ризқ ва рӯзӣ муқаддар намо, ва ба ростӣ Туӣ Муқтадир ва Азиз, ва Диҳанда ва Омурзанда. Ва маро, Эй Худои ман, аз он касоне мафармо, ки ба гӯш кар ва ба чашм кӯр, ва ба забон гунганд, ва ба қалб чизе намефаҳманд. Эй Парвардигори ман, маро аз оташи ҷаҳл ва ҳаво наҷот бахш, ва ба паноҳи раҳмати бепоёни Худ даровар. Сипас бар ман он чиро нозил намо, ки барои асфиёи Худ муқаддар намудаӣ ва ба ростӣ, ҳар чӣ хоҳӣ бар он тавоноӣ ва Туӣ Нигаҳбон ва Ҷовидон.)

-The Báb
-----------------------

МУНОҶОТҲО АЗ ҚАЛАМИ ҲАЗРАТИ АЪЛО (#14622)

Ё Илоҳӣ, фалакал Баҳоул Абҳо вас-саноул узмо. Ҷалолатука аҷаллу мин ан туҳита биҳил авҳом ва иззатука аазу мин ан ясъаду илайҳо тайрул афъидати вал афҳом. Фал куллу муътарифун бил аҷзи ъаммо ястаҳиққу биҳи минал ҳамд.
Фасубҳонака ло яърифу аҳадун ҳамдака камо Анта, Анта. Ва ло яъламу аҳадун эҳсонака камо Анта, Анта. Ва Анта таъламу камо Анта, Анта. Ло юъламу кайфа Анта илло Анта.
Фаҳмадукаллоҳумма Раббано ало кулли ибдоъика ва ихтироъика ҳамдан шаъониян муталаълаъан, мин илҳомикаллази яъҷизу ъан эҳсоиҳи мо сивок. Ва лакал ҳамду ваш-шукру ало тилкан-неъматил ҷалилати вал оятил азимати фи аволимил Амри вал халқ, камо янбағӣ лимаҳзари ҳайбатика ва ҷалоли азаматик.  Субҳонака азума ҳаққука ва мо қаддараҳу аҳадун ҳаққа қадрика ва ло яърифуҳу ҳаққал ирфони ғайрука.
Антаз-зоҳиру бил ҷуди ва ло юърафу мавҷудун сивока мин улувви зуҳурик. Субҳонака, ам лиғайрика минал вуҷуди ҳатто якуна далилан алайк, ам лиғайрика зикрин ҳатто уърифака биҳи, куллу маъруфин мин маъруфиятика қад талаълаъат ва куллул ашёи мин талаҷлуҷи машийятика қад талаҷлаҷат. Антал ақрабу бикуллин мин кулл.
Субҳонака тақаддаса маҷдука мин ан танола илайҳи айдиил увлил албоб ва таъоло дунуввука мин ан янҳадира ъанҳу сайлул афҳоми вал абсор…
*(Эй Худои ман, бар Ту бод Баҳои Абҳо ва санои азимтарин. Бузургии Ту бузургтар аст аз он, ки хаёлҳо ӯро дарк намояд ва иззати Ту азизтар аст аз он ки мурғи дилҳо ва фаҳмҳо ба сӯи ӯ парвоз намояд, дар изҳори он чӣ сазовори ҳамди Туст ҳама муътарифи аҷзанд.
Пас Ту Пок ва болотарӣ! Касе ситоиши Туро нашинохт ончунон ки Худи Ту, ва касе эҳсони Туро надонист, ончунон ки Худи Ту, ва Ту медонӣ, ки Ту чӣ гунаӣ. Ва касе ба ғайри Ту намедонад, ки Ту чӣ гунаӣ.
Пас ситоиш Туро бод, Эй Худованд, Эй Парвардигори мо, бар ҳама офарида ва ихтироъи Ту, ситоише равшан ва дурахшон аз он илҳоми Ту, ки аз шумурдани он ҳама ба ҷуз Ту оҷизанд. Ва Туро ҳамд ва шукр бод бар ин неъмати ҷалил, ва ин ояти азим дар оламҳои Амр ва халқ, ончунон ки сазовори ҳузури ҳайбати Туст ва ҷалоли азамати Ту. Ту пок ва бартарӣ, он чӣ сазовори Туст азим аст, ва ҳеҷ кас ончунон ки шоистаи Туст, Туро қадр накард. Ва Туро касе нашнохт, ончунон ки сазовори шиносоии Туст, магар Худи Ту.
Ту ба воситаи ҷуди Худ зоҳирӣ, ва офариниш ғайр аз Ту ба ҳадди баландии Зуҳури Ту касеро намешиносад. Ту пок ва бартарӣ!
Оё ба ғайри Ту вуҷуде ҳаст, ки далел бар будани Ту гардад, ё ба ғайри Ту зикре ҳаст, то ба воситаи он шинохта шавӣ? Ҳар маъруфе аз маъруфияти Ту равшан гардид, ва ҳама чизҳо аз пай набурдан ба хости Ту норавшан шуданд. Туӣ наздиктар ба ҳар чизе аз ҳар чиз.
Ту пок ва бартарӣ! Муқаддас аст бузургии Ту, аз он ки донишмандон ба сӯи ӯ роҳе пайдо намоянд, ва баланд аст наздик будани Ту, то ба фаҳмишҳо ва бинишҳо онро дарк намоянд…)

-The Báb
-----------------------

МУНОҶОТҲО АЗ ҚАЛАМИ ҲАЗРАТИ АЪЛО (#14623)

Фасубҳонака ё Илоҳӣ, Анталлоҳу коинун қабла кулли шайин, ва анталлоҳу коинун баъда кулли шайин, ва анталлоҳу боқиюн баъда кули шайин, ва Анталлоҳу таъламу кулла шайин, ва Анталлоҳу тарҳаму ала кули шайин, ва Анталлоҳу таҳкуму байна кули шайин, ва Анталлоҳу ташҳаду ало кулли шайин, ва Анталлоҳу ва Рабби таъламу мавқифӣ ва ташҳаду сиррӣ ва ало ниятӣ.
Фағфир лӣ ва лилмуъминина мин аҳли иҷобатик. Вакфинӣ шарра ман ароданӣ би ҳузнин ав бисуин, фаиннака Раббу кулли шайин, такфӣ мин кулли аҳадин ва ло якфӣ минка аҳадун…

*(Ту покӣ, Эй Худои ман! Туӣ Худованде, ки пеш аз ҳар чизе вуҷуд дoштӣ. Туӣ Худованде, ки баъд аз ҳар чизе вуҷуд дорӣ. Туӣ Худованде, ки пас аз ҳар чизе поянда мемонӣ. Туӣ Худованде, ки аз ҳама чиз огоҳӣ. Туӣ Худованде, ки бар ҳар чиз тавоноӣ. Туӣ Худованде, ки ба ҳама раҳм менамоӣ. Туӣ Худованде, ки дар байни ҳама доварӣ мекунӣ. Туӣ Худованде, ки дар Китоби Худ ба ҳар як чиз шаҳодат медиҳӣ. Туӣ Худованд-Парвардигори ман, ки аз ҳоли ман бохабарӣ, ва рози ошкор ва пинҳони маро мебинӣ. 
Пас маро ва мӯъминони мутеъи Худро биёмурз, ва маро аз шарри он касе, ки ба ман ҳузн ва бадӣ мехоҳад ҳифз намо. Ба ростӣ, Туӣ Парвардигори ҳама офариниш ва аз ҳама кас бениёзӣ, ва касе аз Ту бениёз нест…)

-The Báb
-----------------------

МУНОҶОТҲО АЗ ҚАЛАМИ ҲАЗРАТИ АЪЛО (#14624)

Фа кам мин аҳёин ё Илоҳӣ қадд залат фӣ сабилика ли иртифоъи калиматика ва тавҳидика. Ва кам мин димоин ё Маҳбубӣ, қад ҳаракат байна ядайи Амрика ли иртифоъӣ ҳаққиятика ва тасбиҳик. Ва кам мин амволин қад ухизат фӣ сабили маҳаббатика би ғайри ҳаққин лиимтиноъи исботи тақдисика ва тамҷидик. Ва кам мин ақдомин қад машат алот-туроби лиэъзоми калимати қудсика ва таъзимик. Ва кам мин асвотин қад заҷҷат; ва кам мин қулубин қад изтарабат; ва кам мин масоиба азиматин ло юдрикуҳо ғайрука ва кам мин балоё разиятин ло юҳсиҳо сивок; куллу золика ё Илоҳӣ лииртифоъи истиқлоли қайюмиятик ва истимноъи истиҷлоли суббуҳиятик.
Қад қуддират куллу золика биқазоика лиясташҳаданна куллу халқиқа ало аннаҳум мо хулиқу илло лака. Ва қад инқатаъат ъанҳум мо таскуннуна биҳи қулубуҳум лиюқинанна ало ан мо насабта ила нафсика аъло ва аҷалла миммо ҳум биҳи юъминун. 
Из лам тазал қудратука мустатилатан ло юъҷизуҳо мин шайин. Қад аҷрат тилкал қазоёул азимату лияшҳаданна куллу зо идрокин, бианнаҳо қад қудират лииртифоъи тавҳидика ва ҳуққиқат лииртифоъи тақдисик…

*(Чӣ қадр зиндагон, Эй Худои ман, дар роҳи Ту барои баланд намудани Калимаи Ту ва ягонагии Ту хор шуданд. Чӣ қадр хунҳо Эй Маҳбуби ман, дар пешгоҳи Амри Ту барои баланд намудани ҳаққонияти Ту ва ситоиши Ту рехт. Чӣ қадр дороӣ дар роҳи муҳаббати Ту ноҳақ гирифта шуд, то пеши роҳи исботи покии Ту ва азамати Туро бигиранд. Чӣ қадр қадамҳо бар хок ниҳода шуд, то эҳтироми Туро ва ниёиши Туро иҷро намоянд. Чӣ қадр овозҳо фарёд кашиданд, ва чӣ қадр дилҳо парешон шуданд, ва чӣ қадр аз мусибатҳои азим, ки ғайр аз Ту касе онро дарк нанамояд, ва чӣ қадр аз балоҳои шадид, ки ғайр аз Ту касе онро шумурда натавонад, мушоҳида шуд. Ин ҳама Эй Худои ман, барои баланд намудани истиқлоли ҷовидонии Ту ва нусрат ва ҳимояти шукӯҳи ситоиши Туст.
Ин ҳама ба иродаи Ту муайян шуд, то ҳама халқи Ту бар ин шаҳодат диҳанд, ки халқ нашуданд, магар барои Ту. Қатъ шуд аз онҳо он чӣ ки ба воситаи он дилҳои онон таскин меёбад, то ба яқин бидонанд, ки барои ҳақиқати Худ болотар ва бузургтар аз он чӣ ки ба ӯ имон доранд нисбат надодаӣ. 
Чун Қудрати Ту безавол ва доим аст ҳеҷ чизе ӯро оҷиз манамояд. Он иродаҳои азима иҷро шуд, то ҳар як ҳушманде ба ин гувоҳӣ диҳад, ки онҳо барои баланд намудани ягонагии Ту муайян шуда буданд ва барои баланд намудани покии Ту иҷро шуданд.)

-The Báb
-----------------------

МУНОҶОТҲО АЗ ҚАЛАМИ ҲАЗРАТИ АЪЛО (#14625)

Аллоҳума, иннӣ аъузу бика ва уъиду нафсӣ би оётика куллиҳо. Аллоҳума, иннӣ атавакаллу алайка фӣ сафарӣ ва ҳазарӣ ва шуғлӣ ва амалӣ, факфинӣ ъан кулли шайин, ё хайрар-роҳимин.
Аллоҳумма арзуқнӣ кайфа шиъта ва разинӣ бимо қаддарта лӣ.
Фаинна лакал амру куллуҳу…

*(Худоё, ба Ту паноҳ мебарам ва ба ҳама нишонаҳои Ту рӯй меоварам. Худоё, ба Ту дар сафари худ ва ҳангоми дар хона будани худ ва дар шуғли худ ва амали худ таваккул менамоям. Пас аз ҳама чиз маро бениёз намо, Эй Беҳтарини Меҳрабонон!
Худоё, он тавре ки хоҳӣ ба ман ризқ ва рӯзӣ бидеҳ ва маро бo он чӣ барои ман муайян намудаӣ хушнуд намо.
Ба ростӣ тамоми амрҳо дар дасти Туст…)

-The Báb
-----------------------

МУНОҶОТҲО АЗ ҚАЛАМИ ҲАЗРАТИ АЪЛО (#14626)

Аллоҳума, иннака Анта Муфарриҷу кулли ҳаммин ва Мунқизу кулли карбин ва Музҳибу кулли ғаммин ва Мухаллису кулли абдин ва Мунқизу кулли нафсин, халлиснӣ Аллоҳумма бираҳматик, ваҷъалнӣ мин ибодикал мунқизин.

*(Худоё,  ба ростӣ Ту аз ҳар ғусса наҷот медиҳӣ ва ҳар андӯҳро аз байн мебарӣ ва ҳар ғамро мезудоӣ ва ҳар бандаро озод менамоӣ ва ҳар ҷонро раҳоӣ мебахшӣ. Худоё тавассути раҳмати Худ маро наҷот деҳ, ва аз он бандагони Худ қарор деҳ, ки раҳоӣ ёфтаанд…)

-The Báb
-----------------------

